Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:12

Банкоматҳо шабона ҳам бояд кор кунанд. Дастури Бонки миллӣ

29 август 2012, 12:07

Ин бонк ҷиҳати густариши истифодаи низоми пластикӣ дар кишвар ба ҳамаи бонкҳои кишвар дастур додаст, ки реҷаи кории худро тавре ба роҳ монанд, ки шаҳрвандон новабаста аз он, ки рӯзи истироҳат аст ё корӣ, шаб аст ё рӯз тавонанд аз банкоматҳо пул бигиранд.

Ба гуфтаи масъулини Бонки миллӣ ҳоҷат ба пули дар корти пластикӣ буда  метавонад ҳар замон ба вуҷуд ояд ва бонкҳои кишвар бояд омода бошанд дар ҳар ҷо ва ҳар вақт онро ба шаҳрвандон диҳанд. Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи намояндагони Бонки миллӣ ҳаҷми амалиётҳо тавассути кортҳои пластикӣ 75,1 фоиз афзудаст. Миқдори банкоматҳо дар охири шашмоҳаи соли ҷорӣ назар ба соли гузашта 100 дона ё 34 фоиз ва шумораи терминалҳо 307 адад ё 82,7 фоиз зиёд шудаанд. Миқдори нафаронеро, ки айни ҳол дар Тоҷикистон кортхои пластикӣ доранд, масъулини Бонки миллӣ наздик ба ним миллион нафар арзёбӣ мекунанд.
Бо вуҷуд, масъулини Бонки миллӣ мегӯянд айни ҳол ҳаҷми гардиши пул тавассути кортҳои пластикӣ дар муқоиса бо гардиши умумии пул дар Тоҷикистон, хеле ночиз аст ва афзуданд, ки минбаъд ҳам барои рушд дар ин самт чораандешӣ хоҳанд кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!