Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:11

Масоили марбут ба муҳоҷират ва инъикоси он дар ВАО баррасӣ мегардад

30 август 2012, 04:48

Пас аз чанд лаҳза дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯъи муҳоҷират ба кори худ шурӯъ мекунад.

Тавре ба Озодагон аз Хадамоти муҳоҷирати кишвар иттилоъ доданд, ин ҳамойиш таҳти унвони “Муҳоҷирати меҳнатӣ ва ВАО” сурат пазируфта, дар он иштироки масъулини ҳукумат, созмонҳои ҷамъиятӣ, мақомоти зирабт ва доираи васеъи хабарнигорон дар назар аст.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, нишасти мазкур бо ташаббуси Созмони ҷамъиятии “Перспектива+”  ва мусоидати дигар ташкилотҳо баргузор мешавад.Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари СҶ “Перспектива+” мегӯяд, ҳадафи аслии ин ҳамойиш  таҳлили инъикоси мавзӯъҳои муҳоҷирати кории шаҳрвандон дар ВАО, мусоидат ба вазъи ҳуқуқии онҳо ва ҳамчунин, фароҳам овардани фазои муносиб барои ҳалли мушкилоти ин табақа дар хориҷ аз кишвар мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ТҶ “Перспектива+” аз ниҳодҳои қавии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки пайваста масоили марбут ба муҳоҷирати кории шаҳрвандонро пайгирӣ мекунад.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!