Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:46

Дар шимоли кишвар 70 мактаби ғайридавлатӣ фаъолият мекунад

30 август 2012, 05:03

Машварати августии муаалимони вилояти Суғд  дар театри ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят баргузор шуд.

Тавре ба Озодагон аз Хадамоти матбуотии райиси вилоят иттилоъ доданд, дар нишастт муовини Вазири маорифи ҷумҳурӣ Тоҷинисо Маҳмадова, муовинони раиси вилоят,  раисони шаҳру навоҳӣ, ректорони донишгоҳҳои олӣ, мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони соҳаи маориф ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат доштанд. Пеш аз оғози ҷаласа филми мустанад оид ба дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои охир пешкаши ҳозирин гардонда шуд.
Зимни суханронӣ оқои Расулзода гуфт, соли ҷорӣ ба соҳаи маориф равона намудани 43,6 фоизи даромади буҷети вилоят ба нақша гирифта шудааст. Давоми панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи даромадҳо барои 27 ҳазор хонанда мактабу синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. То анҷоми сол боз 80 мактабу синфхонаҳои иловагӣ барои беш 9 ҳазор ҷойи нишаст бо маблағи зиёда аз 76 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.
Зикр шуд, ки дар вилоят раванди ташкили таълиму тарбияи типи нав, аз ҷумла литсею гимназияҳо, мактабу муассисаҳои томактабии ғайридавлатӣ торафт вусъат меёбад. Солҳои охир миқдори мактабҳои ғайридавлатӣ дар вилоят боз 14 адад афзуда, миқдори умумии он ба 70 адад расида, шумораи хонандагонаш беш аз 32 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!