Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:11

«Тетис петролеум» воридоти гази афғонро ба Тоҷикистон баррасӣ мекунад

30 август 2012, 11:10

Масъулини ширкати «Тетис петролеум» яке аз роҳҳои зуд таъмин намудани Тоҷикистон бо газ ва диверсификатсияи воридотро роҳандозии воридот аз Афғонистон меноманд.

Масъулини ин ширкат мегӯянд, мо огоҳ астем, медонем, ки Тоҷикистон бояд ҳар чи зудтар воридоти нафту газро диверсификатсия кунад: «Мо фикр мекунем роҳи беҳтарини таъмини Тоҷикистон бо газ дар ояндаи наздик, ин оварданаш аз Афғонистон аст. Барои ин мо ҳам ба ҳукумати Тоҷикистон ва Афғонистон муроҷиат карда, пешниҳод намудем, ки конҳои Афғонистонро барқарор кунему ба системаи газии Тоҷикистон пайваст намоем».
Дар баробари ин масъулини «Тетис петролеум» захираҳои нафту гази худи Тоҷикистонро ҳам бузург арзёбӣ мекунанд. Барои омӯхтани дарёфту истихроҷи захираҳои нафту гази Тоҷикистон масъулини ширкат мегӯянд, ба омӯзишҳои нави сейсмикӣ пардохтаанд: «Тоҷикистон мутлақо тамоми имкониятҳоро дорад. Қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар ҳавзаи геологие ҷойгир аст, ки конҳои калонтарини нафту гази Туркманистон, аз ҷумла дуюмин калонтарин кони газ дар ҷаҳон дар ин ҳавза ҷойгир аст. Фарқият дар он аст, ки дар Тоҷикистон конҳои нафту газ нисбатан чуқур қарор доранд ва пештар хуб омӯхта нашудаанд. Танҳо конҳое омӯхта шудаанд, ки дар чуқурии кам ҷойгиранд ва хеле хурд мебошанд. Захираҳои калони гази Тоҷикистон зери қабати намак ҷойгир аст, ки ҳамчун сарпӯш хизмат карда, то имрӯз ин қабат ягон бор парма карда нашудааст». Масъулини ширкат иброз медоранд, ки барои дарёфту коркарди газу нафтии худии Тоҷикистон таҷҳизоти муосиртаринро ворид кардаанд. Ҳаҷми сармоягузориашонро дар бахши нафту газ бештар аз 60 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!