Имрӯз(30 августи соли 2012), аъзоёни аввалин клуби ихтиёриёни радиои «Ватан» баъди хатми курси махсус соҳиби сертификат шуданд.
Дар маросими супоридани сертификатҳо роҳбари шӯъбаи кор бо ҷомеъаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Уэлси Робертсон ва корманди ҳамин шӯъба Шерзод Абдуҷабборов ширкат доштанд. Гуфтанист, ин клуб як моҳ қабл таъсис ёфт, аммо аллакай аъзоёни он баъди хатми курс ба фаъолияти ихтиёрӣ ва некхоҳӣ оғоз кардаанд. Онҳо бо барномаҳои махсуси шавқовар ба аёдати бачаҳои беморхонаҳо ва хона-интенатҳо рафтанд.
Маврид ба ёдоварист, аз 1 то 8 август ба аъзоёни клуб чанд нафаре, ки худашон таҷрибаи ихтиёриёнро (волонтёрӣ) доштанд - Эраҷ Саъдуллаев (суратгир Simonte), Наталия Назмиева (дизайнер), Гулнора Амиршоева (журналист), Зафар Абдуллоев (журналист ва блоггер), Лола Насриддинова (тренер), Субҳон Ҷалилов (ровӣ), Ҷаҳонгир Забиров (корбари фаъоли Facebook) дарс гуфтанд.
Баъди чанд рӯзи хатми курс аъзоёни клуб дар шаҳри Кӯлоб гурӯҳи ихтиёриёнро бо номи «Мадад» таъсис доданд. Бачаҳо накшаҳои хеле наҷибро амалӣ карданӣ ҳастанд. Барои мисол онҳо омода ҳастанд, ки ба хоҳишмандон комилан ройгон забони англисӣ омузонанд.
Ҳамин тавр, 20 нафар имрӯз соҳиби сертифакати хатми курс шуданд ва акнун дар мактабу шаҳру навоҳии худ дар атрофашон нафарони дигарро, ки мақсади кӯмакрасонӣ, накӯкорӣ ва ободиро доранд, ҷамъ меоваранд.
Мӯҳр