Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:09

Довталабон: Вазир ба ҷои шунидани арз милисаро даъват кард

31 август 2012, 03:45

Довталабоне, ки дирӯз дар назди бинои Вазорати маорифи Тоҷикистон дар пойтахт даст ба тазоҳурот заданд, аз он шикоят доранд, ки вазири маориф ба таври бояд ба доди онҳо нарасида, ба ҷои шунидани арзу фаҳмондан, милисаро даъват кардааст.

Аксари довталабон аз он шикоят карданд, ки дар Қазоқистон барояшон муассисаҳои таълимӣ ва ихтисосҳои номувофиқ пешниҳод гардидаанд.  Довталабон мегӯянд, тайи як соли охир дар Қазоқистон аз курсҳои омодакунӣ гузаштаанд ва тибқи шартнома бо вазорати маориф дар сурате агар зимни имтиҳонҳои дохилшавӣ аз 50 хол бештар мегирифтанд, дар ин кишвар аз рӯи дилхоҳ  ихтисосашон ба таҳсил фаро гирифта мешуданд.

Ин гурӯҳ довталабон иброз медоранд, ки зимни санҷиш дар Қазоқистон натиҷаи хубро ноил гаштанд. «Аммо бо вуҷуд ба мо айни ҳол ихтисосҳои ҷангалбонӣ, хокшиносӣ, растанипарварӣ ва дигарҳо пешниҳод шудаанд, ки на дар шаҳрҳои марказӣ, балки дар навоҳии дурдасти кишвар, аз ҷумлаи Чимкенту дигар ҷойҳо таълим дода мешаванд. Ин ихтисосҳо ба кӣ даркоранд? Дар шартнома дигар хел муайян шуда буд. Мо мехоҳем, моро дастгирӣ кунанд, то дар оянда тавонем мутахассиси хуб шуда, гашта дар Тоҷикистон хизмат кунем»,- гуфт яке аз довталабдухтарон.

Баробари ин миёни ҷамъомадагон дар назди бинои Вазорати маориф буданд нафароне, ки аз раванди имтиҳонҳои дохилшавӣ дар худи Тоҷикистон ҳам шикоят карданд. Ба гуфтаи бархе аз ҷамъомадагон сатҳи донишу саводнокӣ зимни қабул ба муассисаҳои олии таълимӣ дар худи Тоҷикистон ҳам сарфи назар шуда, қабули довталабон аксаран тавассути  роҳҳои дигар сурат гирифтаст.

Масъулини вазорати маорифи Тоҷикистон изҳор медоранд, ки айни ҳол намояндагони Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар бинои вазорат қарор доранд ва аллакай ба қабули норизоён оғоз кардаанд. Онҳо истифодаи пулисро барои пароканда намудани ҷамъомадагон чорабинӣ барои пешгирӣ аз ташаннуҷ ёфтани вазъ хонданд. Қабули боқимондагон ба рӯзи шанбе ба таъхир гузошта шуд. Масъулини пулис мегӯянд, вақте ҷамъомадагон аз 7 нафар зиёд мешавад, аллакай замина барои бетартибиҳо фароҳам мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!