Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:35

Боло рафтани нархи гӯшт ба андозаи 17 %

31 август 2012, 05:23

Дар Тоҷикистон тайи як моҳи охир нархи гӯшти гов қиммат шуда, феълан аз рӯи маълумоти расмӣ ба ҳисоби миёна як килои он 33 сомонию 25 дирам фурӯхта мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ин дар ҳолест, ки охирҳои моҳи июни соли равон як кило гӯшти говро аз нуқтаҳои савдо бо арзиши 29 сомонӣ харидан мумкин буд: «Феълан  аз ҳама нархи гарон дар бозори «Шоҳмансур» мушоҳида  карда шуд, ки як кило гӯшти говро ин ҷо 34-35 сомонӣ ба фӯруш гузоштаанд».     
Манбаъ ҳамчунин илова кард, ки ин нишондод дар дӯконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои  «Саховат»,«Деҳқон»-у «Варзоб» ба 33 сомонӣ баробар аст.
Аммо бархе сокинони пойтахт бо нигаронӣ мегӯянд, дар баъзе дӯконҳои гуштфурӯшии шаҳри Душанбе як кило гӯшти лаҳм на 33 сомонӣ, балки 35 ва аз онҳам бештар арзиш дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!