Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:03

Роҳи зеризаминӣ дар «Саховат» баъд аз 3 моҳ ба истифода дода мешавад

31 август 2012, 08:28

Гузаргоҳи зеризаминии назди бозори мазкур, ки мӯҳлати ба истифода додани он моҳи марти соли оянда муқарар гардида буд, қабл аз вақти таъиншуда ба анҷом хоҳад расид.

Сайидшариф Анваров, сардори раёсати сохтмонии шаҳри Душанбе ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки тибқи шартномаи басташуда бо пудратчии ин лоиҳа, гузаргоҳи   «Саховат» давоми 14 моҳ, яъне то моҳи марти соли 2013-ум бояд мавриди истифода қарор гирад: «Вале мо фикр карда баромадем, ки онро пеш аз мӯҳлат то  декабри ҳамин сол сохта ба истифода диҳем».
Бино ба иттилои масъулини ҳукумати шаҳри Душанбе, тибқи лоиҳа маблағи умумии сохтмони ин иншоот  20 миллиону 175 ҳазор сомонӣ буда, масоҳати умумии гузаргоҳи зеризаминӣ 2266 метри мураббаъро  ташкил медиҳад: «Дарозиаш 60, 07 метр, паҳноӣ 12,80 метр, баландиаш 3 метр  аст».
Гуфта мешавад, иншоот дорои 10 адад зинапоя, 25 нуқтаи савдо, 2 нуқтаи хизматрасонии муҳандисӣ ва як нуқтаи нозири минтақавӣ мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!