Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:40

Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон аз Ӯзбакистон розӣ аст

31 август 2012, 12:32

Масъулини вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд таи моҳҳои охир бо воридоти гази табиӣ аз Ӯзбекистон мушкиле рух надодаст ва ҷониби Ӯзбекистон ҳаҷми пешбинишудаи гази табииро саривақт ба кишвар интиқол дода истодааст.

Шартномаи харидуфурӯши газ миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон барои ҳар семоҳа аз нав баста мешавад ва нархи гази табиӣ ҳам вобаста ба нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ таҷдиди назар мегардад. Аввали соли ҷорӣ Ӯзбакистон интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон қатъ карда буд. Дар семоҳаи аввал бо дахолати президенти Тоҷикистон бо Ӯзбакистон дар мавриди воридоти 45 миллион метри мукааб газ мувофиқа шуда буд. Дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ ҳам Ӯзбакистон ба далели он, ки гӯё аз харидорони асосии газаш Чину Русия зиёдатӣ нест, интиқоли газро ба Тоҷикистон тайи ним моҳ қатъ намуда буд.
Зимнан, масъулини «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ доданд, ки бо Ӯзбакистон оиди интиқоли 80 миллион метри мукааб гази табиӣ дар семоҳаи дуюм ба мувофиқа омадаанд. Дар семоҳаи сеюм ба гуфтаи масъулин аснои бастани шартнома бо Ӯзбакистон мушкиле пайдо нашудаст. Айни ҳол, ба қавли  «Тоҷиктрансгаз» ҳар шабонарӯз ҳудуди 300 – 400 ҳазор метри мукааб бо нархи 300 доллар сари ҳазор метри мукааб вориди Тоҷикистон шуда истодааст.
Намояндагони роҳбарияти «Тоҷиктрансгаз» мегӯянд солҳои охир харидуфӯруши газ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз рӯи формулаи нархи байналмилалӣ сурат гирифта истодааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!