Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 26 июн 2017, 01:42

Исроил аз пешрафти киберии Эрон дар ҳарос афтодааст

10 июн 2011, 11:31

Раиси собиқи амнияти умумии Исроил таъкид кард, ки артиши киберии Эрон метавонад ба Тел-авив зарарҳои стротегӣ расонад.

Тибқи хабари расонаҳои исроилӣ Явал Дискин дар конфренсияе перомуни мавзуи ҷанги электроникӣ, ки дар маркази пажӯҳишҳои амнияти миллии Исроил дар донишгоҳи Тел-авив баргузор гардид, бо ишора ба ташкил шудани «артишҳои киберӣ» (барномавӣ) дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Эрон ва Сурия, таъкид кард, ки ин артишҳо метавонанд ба Исроил зарарҳои стратегӣ расонанд.

Ў изҳор дошт: сухани мо дар мавриди як таҳдиди ҷонибӣ нест, балки аз як воқеияти мавҷуд аст.

Нахуствазири режими Телавив Бенямин Натаняҳу низ дар ин конфренсия суханронӣ ва таъкид кард: Телавив аз чанд ҷиҳат бо ҳамлаҳои киберӣ рў ба рўст ва ин режим бояд дар фазои киберӣ ва ҷанги электроникӣ ба қудрати муҳими ҷаҳон табдил шавад.

Пурсиши муҳим ин аст, ки пешрафти Эрон дар бахши фановариҳои пешрафта хатар аст ва ё режими Телавив бо ин баҳона дунболи низомӣ кардани фановариҳои пешрафта мебошад?!{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!