Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:41

95 ҳазор доллар сокини 42 соларо пушти панҷара бурд

3 сентябр 2012, 06:14

Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо ҷурми қаллобӣ як марди 42 соларо боздошт кардаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати мазкур ба Озодагон гуфт, ки Сӯҳроб Неъматов бо иттиҳоми аз худ кардани 95 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин сокини ноҳияи Ҳисор моҳи майи соли 2011 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Дилшод Лақаев даромада, аз ӯ як сабукрави тамғаи «Нисан-Максима», як автомшинаи тамғаи «Ҷип-Тайота-Лексус-470» ва 50 ҳазор доллари амрикоӣ- ҷамъ ба маблағи 95 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши он идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!