Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июл 2017, 13:36

«Кохи Ҷомӣ» «Навои ватан»-ро мизбонӣ кард

3 сентябр 2012, 09:33

«Навои ватан». Таҳти ҳамин унвон 2-юми сентябр дар толори «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт фестивали сурудҳои ватандӯстона баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ҷашнвора бо иштироки афсарону сарбозони мақомоти қудратии  мамлакат ва ҳунармандони ҷавони театри «Опера ва балет»-и ба номи Садриддин Айнӣ сурат пазируфта, дар он таронаҳои хусусияти ватанпарастона иҷро гардид.
«Чорабинӣ бо мақсади таблиғи ғояҳои миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, дастгирии ҷавонони эҷодкор ба ҳунари сарояндагӣ дар жанрҳои мусиқии миллӣ ва эстрадӣ дар доираи тадбиқи барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон, бахшида ба 21-умин солгарди Истиклолияти давлатӣ баргузор шуд»,-афзуд манбаъ.
Дар анҷоми чорабинӣ ҳамаи ширкаткундаҳо бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!