Бахшҳо

1,7 миллион доллар барои истифода додани системаҳои нави обтаъминкунӣ

190 ҳазор ахолии Тоҷикистон бо оби тозаи нушокӣ таъмин мешаванд.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, дар давоми се соли охир, ҳукумати ИМА тавассути USAID зиёда аз 1,7 миллион доллар дар сохтан ва барқарор намудани 57 системаҳои обтаъминкунӣ ҷудо намудааст, ки онҳо 190 хазор нафарро дар саросари Тоҷикистон бо оби  тозаи нӯшокӣ таъмин менамоянд.
Кордори Сафорати ИМА Сара Пенхюн, ки дар маросими ифтитоҳи ба истифода додани системаи нави обтаъминкунӣ дар деҳаи Пахтаободи  ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш ширкат меварзид афзуд:  “Системаи нави обтаъминкунӣ дар деҳаи Пахтаобод, ки дар доираи лоиҳаи хурд барқарор шудааст, яке аз 29 лоиҳаҳои хурди обтаъминкунӣ буда, аз ҷониби лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ гардидааст. Лоиҳаи TSDWP ба беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ  ба оби тозаи нӯшокӣ тавассути барқарор намудан ва сохтани  инфрасохтори таъмини оби тозаи нӯшокӣ мусоидат намуд”.
Гуфтанист, лоиҳаи номбаршуда 53 маҳаллаи 9 ноҳияи зерини интихобгардидаро фаро мегирад : Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Файзобод, Бохтар, Сарбанд, Вахш, Хуросон ва Рӯдакӣ. То ба анҷом расидани ин лоиҳаи, моҳи сентябри соли 2012, USAID тасмим гирифтааст, ки 100 хазор соқини манотиқи деҳотро дар қаламрави Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намояд.   

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)