Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:17

Дар як моҳ нархи нон беш аз 15% боло рафтааст

4 сентябр 2012, 05:34

Як дона нон дар бозорҳои пойтахт аз аввали моҳи равон то имрӯз зиёда аз понздаҳ дарсад қиммат шуда, феълан аз рӯи маълумоти расмӣ ба ҳисоби миёна 1 сомонию 75 дирам арзиш дорад.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ин болоравӣ дар пайи афзоиши нархи гандум ва орд дар бозорҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст. Манбаъ таъкид кард, ки нархи як дона нон дар бозорҳои кишвар дар ҳамин давраи соли гузашта, яъне 4-уми сентябр 1 сомонию 45 дирам қиммат дошт. Ҳоло аз ҳама нархи гарон дар дӯконҳои  нонфӯруши бозори «Деҳқон»-у «Саховат» ба назар мерасад, ки як дона нон 2 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудааст.
Нархи аз ҳама арзони нон бошад, дар бозорҳои «Шоҳмансур»-у «Варзоб» мушоҳида шуд, ки ба 1 сомонию 50 дирам баробар мебошад.   
Ёдрас менамоем, ки шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии раёсати Вазорати корҳои дохила эълон карда, ки нисбати тоҷироне ки беасос нархро баланд мебардоранд ва бе ҳуҷҷати лозима фаъолият мекунанд, парванда боз мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!