Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:12

Эмомалӣ Раҳмон аз «Водии силикон»-и Ҳиндустон дидан намуд

5 сентябр 2012, 04:46

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни сафари корияш ба Ҳиндустон ба маркази иёлати Карнатакаи ин кишвар- шаҳри Бангалор рафта бо Хансраҷ Бҳарваҷ, губернатори ин иёлат мулоқот намуд.

Тавре аз маркази матбуотии раисҷумҳур ба Озодагон иттилоъ доданд, президент аз чанд корхонаҳои технологии шаҳри Бангалор, аз ҷумла аз корхонаи истеҳсолии ширкатҳои HAL ва Infosys Technologies Limited дидан намуд: « Ааён гардид, ки дар воқеъ Бангалор шаҳри дорои тараққиёти хуби иқтисодию техникӣ буда, ба манзури пешрафтҳои босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва навовариҳояш “Водии силикон” ном гирифтааст».  Эмомалӣ Раҳмон ва  Хансраҷ Бҳарваҷ зимни мулоқоташон масоили ҳамкории судманди Тоҷикистон бо ин минтақаи рушдкардаи Ҳиндустонро баррасӣ намудаанд. Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати мошинсозӣ, истеҳсоли маводи электронӣ, телекоммуникатсионӣ, шоҳибофӣ, соҳаҳои биотехнология, кишоварзӣ, аз ҷумла зироатҳои донагӣ ва ороишӣ, гулпарварӣ ва ашёи хоми шоҳӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!