Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:51

Донишгоҳи техникӣ соҳиби ҳавопаймо шуд

5 сентябр 2012, 05:17

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммадҷон Осимӣ як ҳавопаймои «Як-40» тӯҳфа кард.

Лола Кенҷаева, сардори маркази матбуотии «Тоҷик Эйр»  ба Озодагон иттилоъ дод, ки ширкати мазкур ба ин донишгоҳ барои корҳои амалӣ як ҳавопаймои аз истифода баромадаи истеҳсоли замони шӯравиро додааст: «Донишгоҳ ҳамчунин соҳиби муҳаррик, қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъиёти ҳавопаймоҳои ТУ-154, Як-40, инчунин чархболи Ми-8 ва асбобҳои корӣ гардид».
Ҳавопаймои мазкур ба ширкат зиёда аз 20 сол хизмат намуда, бо хатсайрҳои Душанбе-Бишкек, Душанбе-Алма-Ато, Душанбе-Хоруғ парвоз мекард.
Вақтҳои охир ҳавопаймо барои парвозҳои омӯзишӣ истифода мешудааст. Гуфтам мешвад айни ҳол ҳавопаймои «Як-40» дар назди донишгоҳи техникӣ насб шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!