Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:32

Пешниҳоди 10 ҳазор ҷойҳои кори холӣ барои корҷӯён

5 сентябр 2012, 07:49

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 10 ҳазор ҷойҳои кори холиро барои корҷӯён пешниҳод намудааст.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз агентии мазкур иттилоъ доданд, корҷӯён имкни интихоби ҷойҳои нави кориро дар дохил ва хориҷи кишвар метавонанд аз тариқи сомонаи «Махзани миллии маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ» бо суроғаи www.kor.tj дарёфт намоянд: « Фаъолияти сомонаи мазкур бевосита ба эҳтиёҷоти шаҳрвандони бекор, корҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва корфармоён нигаронида шудаааст.  Дар  он маълумоти муфассал доир ба ҷойҳои кории холӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, навигариҳо дар бораи вазъи бозори меҳнат, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ, пурсишномаҳои сотсиологӣ, тадқиқотҳо доир ба вазъи бозори меҳнат ҷой дода шудааст».
Манбаъ мегӯяд, шаҳрвандон маълумотҳои гуногунро вобаста ба музди меҳнат, шароити корӣ, маълумот дар хусуси касбомӯзӣ дар марказҳои таълимӣ ва ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ аз сомонаи мазкур имкони пайдо кардан доранд: «Арзу  шикоятҳои худро доир ба фаъолияти мақомоти мазкур пешниҳод намоянд. Мо интизори ҳамкории мутақобилан сӯдманд бо шаҳрвандон, шарикони иҷтимоӣ, корфармоён ва дигар ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ мебошем», афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!