Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:14

Давлатов райиси Палатаи ҳисоби ҶТ ва Каримов муовини ӯ интихоб шуд

5 сентябр 2012, 10:35

Дар ин бора ба Озодагон аз дафтари матбуотии МН иттилоъ доданд.

Тибқи хабари манбаъ, аснои иҷлосияи ғайринавбатии палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки имрӯз дар Душанбе баргузор шуд, ба ҷуз масъалаи баррасии Лоиҳаи Кодекси андоз ҳамчунин дар бораи пешниҳодҳои президент «Оид ба таъин намудани Дилмурод Давлатов ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба таъин намудани Хуршед Каримов ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъди ёд кардани савганд тасдиқ гардиданд.
PS: Давлатов Дилмурод то имрӯз дар вазифаи директори Агентии хариди ашё, мол ва хизматрасонии назди Ҳукумати Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Қабл аз он ба ҳайси сардори шӯъбаи тафтишот ва назорати молиявӣ, муовини аввали сардори Раёсати андози вилояти Хатлон, муовини директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия фаъолият дошт. Тахассусаш иқтисодчӣ аст.      


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!