Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:57

Корхонаи коркарди нафт дар Данғара. Бо иқтидори беш аз 1 млн тонна

5 сентябр 2012, 12:10

Ин корхонаи истихроҷи нафт бо иқтидори 1,2 млн тонна дар як сол бунёд мегардад.

Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон як манбаъи боэътимод аз ҳукумати кишвар иттилоъ дод, аммо аз ифшои ному мансабаш худдорӣ кард. Зимнан, хабарнигори Озодагон барои тасдиқи ин иттилоъ ба Махмадулло Сайдалиев, райиси ноҳияи Данғара муроҷиат намуд.
Аснои як сӯҳбати телефонӣ ҷаноби Сайдалиев гуфт, ки минтақаи озоди иқтисодӣ дар деҳаи Тоҷмаҳали ноҳияи Данғара сохта хохад шуд: «Алҳол корҳои пешакӣ барои интихоби мавзеъ ва муайян намудани шароити ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Хитой идома дорад».
Хамзамон, дар мавриди оғози сохтмони корхона ва хароҷоти молии он Маҳмадулло Сайдалиев афзуд, то ҳол шартнома ҷиҳати бунёди корхонаи истихроҷи нафт дар ноҳияи мо миёни Тоҷикистону давлати Чин баста нашудааст, аммо тавофуқи қаблӣ ҳосил шуда, тарҳи санадро омода карда истодаем: «Илова бар ин, бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафт, меваҳои хушк, истеҳсоли маводи шӯянда, насби техникаи калон ва дигар корхонаҳо дар нақша гирифта шудааст ”. Тавре аз раҳбарияти минтақаи озоди “Данғара” ба мо иттилоъ доданд, ҳоло танҳо як муассиса -корхонаи истеҳсоли маводи сохтмонӣ, аниқтараш - рег ва шағал фаъолият дораду бас.
Бино ба иттилои манбаъ, иқтидори корхонаи коркарди нафт 1,2 млн тонна нафт дар як солро ташкил дода, пас аз давраи аввали иҷроиши лоиҳа он метавонад 300 000 тонна нафт дар як сол коркард кунад. Ҳоло дар хусуси овардани маводи хом (нафти хом) барои истеҳсолот музокирот идома доранд. Гуфтанист, аксари муассиаҳое, ки дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара ба қайд гирифта шудаанд, соли оянда ба фаълияти худ оғоз мекунанд.
Ёдрас менамоем, дар ҳудуди ҷумҳурӣ мувофиқи қарори қабулшудаи Ҳукумати Тоҷикистон бояд чор минтақаи озоди иқтисодӣ - "Суғд" дар вилояти Суғд, "Панҷ" ва"Дангара" дар қаламрави вилояти Хатлон ва "Ишкошим" дар ВМК-и Бадахшон амал намоянд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!