Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:18

Суғд: Толори варзишӣ бо ширкати Мавзуна Чориева ифтитоҳ шуд

5 сентябр 2012, 12:32

Дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раҷаббой Каримов, раиси шаҳр ва ҷоизадори медали биринҷии бозиҳои олимпӣ дар Лондон Мавзуна Чориева   «Толори варзишӣ» кушода шуд.

Бино ба иттилои расида, соли равон коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд 80 солагии таъсисёбиашро таҷлил намуда буд. Ва инак соҳиби як толори варзишии ба талаботҳои ҳозиразамон мувофиқ гардид, ки бевосита бо дастгирии раиси вилоят Қоҳир Расулзода сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими мазкур қайд гардид, к ибо шарофати истиқлол варзишгарони тоҷик имкон пайдо карданд, ки дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, бозиҳои олимпӣ иштирок намуда шаъну шарафи мамлакати азизамонро боло бардоранд: «Яке аз онҳо духтари тоҷик, ҷавонтарин узви дастаи олимпии кишвар, ҷоизадори медали биринҷии бозиҳои 30-юми тобистонаи олимпии Лондон Мавзуна Чориева мебошад.Чунин дастовардро ҳанӯз 36 сол муқаддам, дар бозиҳои олимпии Монреал -1976 Зебунисо Рустамова бароямон армуғон оварда буд, ки Мавзуна Чориева онро такрор кард».
Ҳамзамон, дар толори коллеҷи тиббӣ вохӯрии Мавзуна Чориева бо варзишгарон, мураббиёни варзиш ва ҷавонони шаҳр баргузор гардид.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!