Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:17

Аз сӯхтори «Корвон» то овозаи марги 3 тоҷир. Ҳақиқати талх?

6 сентябр 2012, 03:44

Дирӯз (5-уми сентябр), тақрибан соати 17:40 то 17:45, дар ҳудуди бозори Корвон оташсӯзӣ ба амал омада, тайи якуним соат қариб ҳамаи қисми фурӯши яклухти бозори мазкурро фаро гирифт.

Хадамоти оташнишонӣ ва наҷотдиҳандагон аз Душанбе ва ноҳияҳои Ваҳдату Ҳисор то нисфишаб бо оташ мубориза бурда, ҳудудан соати 23 аз паҳншавии он ҷилавгирӣ намуданд ва соати дуи шаб дуди оташ аз осмони шаҳр кам-кам пароканда шуд.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигори “Озодагон” субҳи имрӯз аз ҷои воқеъа иттилоъ дод, ки ҳанӯз ҳам қисми ҷанубии бозор, маъруф ба “меличовка”  дуд мекунад ва кормандони хадамоти оташнишонӣ машғули коранд. Субҳи имрӯз (6-уми сентябр) комиссияи экспертизаи хадамоти оташнишонӣ ба кори худ шурӯъ намудаст ва мувофиқи маълумоте, ки корманди он дирӯз ба мо гуфт, дар давом чор рӯз натиҷаи таҳқиқи он маълум хоҳад шуд.Ба ғайр аз оташнишонон ва наҷотдиҳандагон, ба ҷои воқеъа низомиён ва кормандони милиса низ чалб шудаанд.
То ҳол дар хусуси талафоти ҷонӣ маълумоти расмӣ дастрас нест, аммо овозаи марги се нафарро як сарбози қушунҳои дохилӣ ба хабаргузории мо таъйид намуда, гуфт: “Шумораи ҳалокшудагон аз ин бештар аст. Аз он се нафар ду нафарашон- модару писар будаанд. Ғайр аз онҳое, ки бевосита дар пайи сӯхтор ҳалок шудаанд, нафарони зиёд бо ҳуҷуми мағзию қалбӣ бистарӣ шудаанд ва баъзе низ аз сабаби хурӯҷи маризии дил ва асаб ба касалхона мунтақил гаштанд”.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД бошад дар сӯҳбат бо Озодагон гуфт: “Овозаҳои марги одамон дар оташсӯзии бозори Корвон бепоя аст, аммо ҷароҳатбардоштагон дар ин ҳодиса ҳастанд”.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!