Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:54

Ҳалокати 288 нафар дар як сол аз садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон

6 сентябр 2012, 05:19

Дар ин бора Озодагон аз Раёсати БДА-и ВКД иттилоъ доданд.

Маҳмадшариф Шамсов, як масъули ин раёсат гуфт, рӯзи гузашта (5-уми сентябр), тақрибан соати 16:30 дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд, ронандаи   нақлиёти тамғаи «Опел вектра», Абдуғафор Абдуқаюмови 61- сола, аснои ҳаракат дар километри 30-юми роҳи Хуҷанд-Конибодом бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста ба дарахти канори чапи роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Сарчашмаи хабар илова намуд, аз аввали соли равон то ба имрӯз дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 883 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 288 нафар ҳалок ва 959 тани дигар захм бардоштаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!