Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 24 январ 2017, 18:04

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Пал Шмитт

11 июн 2011, 05:38

Баъд аз зӯҳри дирӯз президенти Тоҷикистон шоҳигарии Люксембургро ба қасди боздид аз  Маҷористон тарк кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар Будапешт президенти Маҷористон Пал Шмитт ба ҳузур пазируфт. Маросими истиқболи расмӣ тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ  ҷараён гирифт. Зимнан, дар нишасти сарони ду кишвар дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.

Ёдрас менамоем, Маҷористон чорумин кишвари аврупоист, ки тайи 5 рӯзи ахир Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати ҳукумати Тоҷикистон аз он боздиди расмӣ мекунад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Страсбурги Фаронса дар шӯрои Аврупо ва парлумони он мулоқоту  суханронӣ намуда, аз кишварҳои Австрия ва Люксембург низ боздиди расмӣ анҷом дод.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Январ 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!