Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:32

Ҳиндустон дар рӯди Зарафшон неругоҳ месозад

6 сентябр 2012, 06:06

Ширкати«BHEL»-и Ҳиндустон  дар назар дорад, ки нерӯгоҳи Зарафшонро бунёд намояд.

Зимнан, Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати «Bharat Heavy Electricals Limited» (BHEL) дар шаҳри Деҳлӣ созишномаи пешакӣ оид ба сохтмони нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшонро бо иқтидори 100 МВт имзо намуданд.
Тавре сомонаи ширкати «BHEL» иттилоъ медиҳад, ширкат таҷрибаи кории худро барои лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои барқии обӣ дар Тоҷикистон бо пешниҳоди беҳтарин роҳи ҳалли фаннӣ ва иқтисодӣ амалӣ хоҳад кард. Гуфта мешавад, ин ширкат ба ғайр аз Тоҷикистон бо дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин бо Озарбойҷон, Беларус ва Гурҷистону Укроин ҳамкорӣ дорад.
Манбаъ менависад, «BHEL» дар 21 кишвари ҷаҳон барои ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори 9000 МВт кӯмак кардааст. Айни замон ширкати мазкур дар 20 кишвар лоиҳаҳои барқиро бо тавлиди таҷҳизотҳо роҳандозӣ менамояд. Ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш бо фишори мақомоти Ӯзбакистон Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ҳамин лоиҳа даст кашида буд.
Қаблан, барои сохтани ин нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшон давлати исломии Эрон омодагии худро эълон намуда буд. Сентябри соли гузашта дар Душанбе қарордод ба муввофиқа расида буд, ки баъди итмоми НБО Сангтуда-2 ҷониби Эрон сохтани нерӯгоҳи «Айнӣ»-ро дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 150 МВт шурӯъ мекунад.
Лозим ба зикр аст, ки «BHEL» дар Тоҷикистон барои истифодабарӣ ба нерӯгоҳи «Помир-1»-и Хоруғ агрегатҳо пешниҳод намудааст. Ҳоло бошад, ба азнавсозии нерӯгоҳи Варзоб-1 машғул аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!