Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:49

Убайдуллоев: Комиссия сабабҳои сӯхтор дар «Корвон»-ро тафтиш менамояд

6 сентябр 2012, 10:01

Мири пойтахт дар назди тоҷирони бозори «Корвон» суханронӣ карда, дар ин бора изҳор дошт.

Убайдуллоев гуфт, барои таъсиси комиссияи вижа бо шумули кормандони прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ, додгоҳ, Бонки миллӣ ва раҳбарияти Ассотсиатсияи соҳибкорон ҷиҳати муайян кардани хисороти молӣ супориш хоҳад дод ва аз ҷамъомадагон даъват кард, ки намояндаашонро мустақилона ба ҳайати комиссия шомил намоянд. Райиси шаҳр гуфт, тафтишоти қазияи сӯхтори «Корвон» мунсифонаву шаффоф сурат гирифта, шахсан худаш кори онро назорат менамояд.  
Убайдуллоев ҳамчунин ба тоҷирон рӯ оварда гуфт, ки шумо аз оддитарин ҳуқуқҳои худ огаҳ нестед ва бо маъмурияти бозори «Корвон» шартнома надоред. Ӯ ваъда кард, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои аз ҷониби тоҷирон гирифташуда ду сол тамдид гардида, бозор бидуни истифодаи маблағҳои тоҷирон дубора сохта мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!