Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:04

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ

6 сентябр 2012, 11:37

Дар шаҳри Боку аз 6-ум то 8-уми сентиябри соли равон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба афзалиятноки ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои Иттиҳод ва ҷараёни татбиқи барномаҳои байнидавлатии мубориза бо ҷинояткориро баргузор мегардад.

Тавре Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ, роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро Нурулло Орипов муовини аввали вазири ВКД Тоҷикистон  ба ӯҳда дорад.
Манбаъ афзуд, ки ширкат кунандагони ҷаласа инчунин масоили марбут ба таҳияи лоиҳаҳои Барномаи байнидавлатии чорабиниҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2014-2018-ро муҳокима мекунанд.
Сарчашмаи хабар ҳамчунин гуфт, ки  дар назараст, зимни баргузории ҷаласаи мазкур «Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар» , ва «Муқовимат ба нашъамандӣ барои солҳои 2014-2018», «Консепсияи рушди ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ»-ро  баррасӣ қарор гирад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!