Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:43

Нархи қаймоқ беш аз 24% боло рафтааст

7 сентябр 2012, 07:38

Дар  бозорҳои Тоҷикистон тайи як соли охир нархи як литр қаймоқ (сметана) ҳудуди 24 дар сад қимат шудааст.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи як литр қаймоқ дар бозорҳои пойтахт 21 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад, ки соли гузашта арзиши як литри он 17 сомонӣ буд: «Нархи аз ҳама гарони қаймоқ дар бозори «Шоҳмансур» мушоҳида шуд. Он ҷо як литр қаймоқ 26 сомонӣ арзиш дорад. Дар бозори «Варзоб» бошад як литр қаймоқ 22 сомонӣ нархгузорӣ шудааст». Манбаъ мегӯяд, қаймоқи аз ҳама арзон дар бозорҳои «Саховат» ва «Деҳқон» ба фурӯш гузошта шудааст, ки қимати он 19 сомонӣ мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!