Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:39

ИМА алайҳи «Ҳаққонӣ» иқдом намуд

7 сентябр 2012, 09:58

Ҳукумати ИМА тасмим гирифтааст, шабакаи «Ҳаққонӣ»-ро, ки дар Покистон мустақар аст, ба феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ шомил созад.

Бино ба иттилои рӯзномаи New York Times созмони «Ҳаққонӣ» дар ташкили ҳамла алайҳи хизматчиёни ҳарбии Амрико дар Афғонистон муттаҳам мешавад. Мақомоти ИМА гурӯҳи мазкурро масъули муҳосираи меҳмонхонае дар Кобул дар моҳи июни соли равон ва ҳамла ба сафоратхонаи Амрико дар пойтахти Афғонистон дар сентябри соли сипаришуда, медонад.То имрӯз, департаменти давлатии ИМА аъзоёни алоҳидаи гурӯҳи «Ҳаққонӣ»-ро  дар рӯйхати террористон шомил карда буд.
Маврид ба тазаккур аст, ки гурӯҳи «Ҳаққонӣ» аз сӯи Ҷалолиддини Ҳоққонӣ ташкил шудааст.Ӯ яке аз қумандони саҳроии Афғонистон маҳсуб мешавад, ки зери роҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр «карера» сохтааст. Соли 1992 баъди ба сари қудрат омадани муҷоҳиддин, ӯро вазири адлия таъин карданд. Замони толибон бошад, дар вазифаи вазири марз, вазири кор бо асирон ва волии музофоти Пактиё фаъолият кардааст. Солҳои 90-ум Ҳоққонӣ яке аз пешвоёни ҳаракати Толибон маҳсуб меёфт. Баъди оғози амалиёти низомии НАТО алайҳи Толибон гурӯҳи «Ҳоққонӣ»-ро таъсис дод.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!