Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:25

20 журналист давраи омӯзиширо гузаштанд. Дар шимоли Тоҷикистон

7 сентябр 2012, 11:34

Дар Хуҷанд давраи омўзишӣ барои рўзноманигорон таҳти унвони «Баробарҳуқуқии мард ва зан дар оинаи ВАО» рўзи 6-уми сентябр дар толори «Кохи матбуот»-и  баргузор шуд

Тренинги мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд ва Мактаби мустақили рўзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI» бо дастгирии дафтари САҲА дар Тоҷикистон созмон дода шуд.Мақсади баргузории давраи омӯзишӣ ба рўзноманигорон омӯзонидани бозтоби касбии масоили баробархуқуқии мардону занон дар ВАО мебошад. Зимнан такмили малакаи журналистон дар таҳияи маводи чопию онлайнӣ, радиоӣ ва телевизионӣ оид ба ин мавзўъ, баррасии ҷанбаҳои хуқукию ахлоқии инъикоси зўроварии хонаводагӣ, худкушӣ ва дигар масоили ҳассос дар ВАО, инчунин густариши ҳамкории рўзноманигорон бо Шўъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суѓд, маќқмоти ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои ҷамъиятию байнулмилалие, ки дар самти пешгирии зўроварии хонаводагӣ фаъолият мекунанд, барномарезӣ шуд.

Ҳамзамон, иштирокдорон ва коршиносони давраи омўзишӣ пиромуни кўмаки равонию ҳуқуқӣ ба бонувоне, ки мавриди хушунат қарор гирифтаанд ё даст ба худкушӣ задаанд, баробарҳуқукии мард ва зан: ҷанбаҳои гендери ва қолабҳои ақдатӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва дигар масоили мубрам табодули назар мекунанд.

Дар ҷамъбаст иштирокдорони давраи омўзишӣ дар заминаи иттилооти аснои тренинг гирдовардаашон матолиби чопию онлайнӣ, радиоӣ ва телевизионӣ таҳия карда, мавриди баррасӣ ќқрор доданд. Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон дар ин ҳамойиши таълимӣ 20 корманди садою симо, хабаргузорӣ ва нашрияҳои даврии вилояти Суғд ширкат варзиданд

.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!