Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:35

Кушта шудани боз 116 нафар дар Сурия

7 сентябр 2012, 11:38

Мақомоти Сурия эълон кардаанд, ки ду ноҳияи шаҳри Алеппоро дигарбора зери назорати худ даровардаанд.

Тибқи иттилои расида, нерӯҳои ҳукуматӣ навоҳии Сайф ал-Давал ва Хонро, ки дар контроли ошӯбгарон буд, гирифтаанд. Аммо мухолифин гуфтаанд, дар ин минтақа ҳоло задухӯрдҳо идома дорад ва онҳо ақибнишинӣ накардаанд.

Дар Алеппо, ки бузургтарин шаҳри Сурия маҳсуб мешавад, аз ду моҳи қабл миёни нерӯҳои вафодори президент Башор Асад ва силоҳбадастони «Артиши озоди Сурия» бархӯрдҳои мусаллаҳона идома дорад.

Ба иттилои расонаҳо имрӯз дар пойтахти кишвар, шаҳри Димишқ лагери фирориёни фаластинӣ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Мақомот гуфтаанд, тибқи иттилоъ он ҷо мухолифини мусаллаҳ паноҳ бурдаанд.Тибқи омори ҳомиёни ҳуқуқ рӯзи гузашта дар Сурия 116 сокини осоишта ба ҳалокат расидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!