Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:13

Теъдоди қурбониён заминларзаи Чин меафзояд

8 сентябр 2012, 04:44

Тибқи маълумотҳои охирин теъдоди афроди ба ҳалокатрасида дар пайи зилзилаҳои рӯзи ҷумъа дар Хитой дасти кам ба 80 нафар мерасад.

Қисмати ҷануби ғарбии Чин рӯзи гузашта шоҳиди чанд заминҷунбӣ гардид, ки ҳамчунин беш аз 700 нафарро захмӣ кард.

Бештари афроди хисоротбардошта сокинони маҳалҳои баландкӯҳ ҳастанд, ки ирсоли кӯмак ба онҳо мушкил будааст. Маркази заминҷунбӣ музофотҳои Юнан ва Гуйҷой гуфта мешавад. Шиддати ларзиши замин ба 5,7 бал аз рӯи ҷадвали Рихтер баробар шудааст.

Қарор аст, дар фурсати наздиктарин аз ноҳияҳои зарардида нахуствазири шӯрои давлатии Чин Вэн Тсзябао дидан кунад. Хабаргузории «Синхуа»-и Хитой навиштааст, ки зилзила 6,5 ҳазор биноро тахриб карда, зиёда аз 400 ҳазор иншооти дигар қисман зарар дидаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!