Бахшҳо

Қоҳир Расулзода: Ҳадафи мо на фақат омӯзишу санҷиш аст

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд бо сокинони ноҳияи Мастчоҳ мулоқот анҷом дод. Дар ин нишаст, роҳбари минтақаи шимоли кишвар афзуд, ҳадаф аз ин мулоқотҳо, таҳкими робитаҳои мақомоти давлатӣ бо ҷомеа, ҳалли масоили иҷтимоии шаҳрвандон, баррасӣ намудани арзу дархости мардум мебошад.

Расулзода ҳамзамон гуфт, мақсади мо на фақат омӯзиш ва санҷиши рафти татбиқи дастуру супоришҳои президенти мамлакат, қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, балки ҳамчунин мусоидат ба ҳалли проблемаҳои мавҷуда ба мақомоти маҳаллии идораи давлатӣ мебошад.   Бино ба қавли ӯ, пешравии ноҳия танҳо баъди сафари кории президент    Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2007 ба вуқӯъ пайваст, имконпазир гардид ва  ҷиҳати рушди ноҳия, беҳтар шудани шароити зисти мардум тадбирҳои нек андешида шуданд. Бо дастгирии бевоситаи президент «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳ  барои солҳои 2008 - 2015», аз 13 августи соли 2008, № 399 тасдиқ ва қабул гардид.

Расулзода ба рушди ноҳияи Мастчоҳ ишора карда гуфтааст, тайи ин муддат таъмини иҷрои самтҳои асосии барнома 6 миллиону 526  ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла 5 миллиону 351 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 1 миллиону 175 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ маблағгузорӣ  гардидаанд. Раиси вилояти Суғд ҳамчунин дар суханронии худ натиҷаҳои қабули шаҳрвандон, вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ, бахусус таъминот бо об, истифодаи оқилонаи замин, таъмири роҳҳо, корҳои ободониро дар ноҳия мавриди  таҳлил  қарор дод.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)