Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:05

Боздошти як духтар бо ҷурми сӯиқасд ба ҷони одам

11 сентябр 2012, 05:11

Шахси номаълум дар кӯчаи Муҳамадиеви пойтахт зани 22 -соларо  бо корд захмӣ кардааст.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, дар ин бора аризаи шаҳрванд ба мақомоти милиса дар ноҳияи Сино ворид гардидааст. Тибқи ин санад, Нигина Давлатоваи 22- соларо рӯзи 8-уми августи соли равон  шахси номаълум дар назди бинои 14-уми кӯчаи Муҳамадиев бо корд зада, захмӣ кардааст.Бар асари ин ҳамла,бону Давлатова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Зимни амалиёти вижаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, Зарина Баҳодуроваи 15-сола, сокини кӯчаи Муҳамадиеви пойтахт бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят дастгир карда шуд.Феълан, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот давом дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!