Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:16

150 ҳазор сомонӣ. Ба касе, ки омили сӯхтор дар «Корвон»-ро пайдо мекунад

11 сентябр 2012, 05:31

Нуршед Машрабов, мудири кулли бозори мазкур эълом дар ин бора зимни як сӯҳбаташ бо расонаҳо иброз доштааст.

Бино ба гуфтаи оқои Машрабов, ҷойизаи мазкур сарфи назар аз кору вазифа ба ҳар нафаре, ки гунаҳкори суҳторро бо далел ва тасдиқи  ҳамаҷониба пайдо мекунад, дода мешавад. Бояд гуфт, қаблан ҳам роҳбари бозори «Корвон» эҳтимоли амали «барқасдона» будани ҳодисаи оташсӯзиро дар ин фурӯшгоҳ гуфта буд.

Ба қали Машрабов, сӯхтор якбора дар чор нуқтаи бозор шурӯъ шуда, бойиси ба хокистар мубаддал гаштани қисмати яклухтфурӯшӣ гардид. «Озодӣ» бо такя ба иттилои райиси бозор менависад, рӯзи 12-уми сентябр дар маҳалли сӯхтори бозори "Корвон" сохтмони бозори ҷадид оғоз мешавад: «Ҳамарӯза ҳудуди 200 мошин партов ва хокистарро аз маҳали сӯхтор берун мебаранд. Сохтмони бозори нав дар маҳалли сӯхтор бо ҷойгир кардани 2000 дӯкон бунёд карда мешавад».

Ёдрас менамеом, шоми 5-уми сентябри соли равон бозори яклухтфурӯшии мавсум ба «Корвон» оташ гирифта, сӯхтори он то субҳи рӯзи дигар идома кард.Бар асари он садҳо дӯкон ба хокистар мубаддал шуданд ва ба тоҷирон миллионҳо сомонӣ зиён ворид шуд.Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи шашуми сентябр бо пахши баёнияи расмии худ эълом дошт, ки дар натиҷаи сӯхтор бозори "Корвон" дар масоҳати зиёда аз 5000 метри мураббаъ нобуд гардид.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!