Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:28

Ӯрунбой Усмонов ҷоизаи байналмилалиро ба миқдори 6000 $ дарёфт кард

11 сентябр 2012, 09:55

Нуриддин Қаршибоев, райиси АМВАОТ дар ин бора ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод.

Бино ба қавли ӯ, хабарнигори Би-Би-Си ҷоизаи байналмилалии Хелман Хамметии созмони   “Human Rights Watch”-ро ба даст овардааст.Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи душанбеи 10 сентябр аз ҷониби Анҷумани Миллии Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон мунташир шуд, таъкид гардидааст, ки ин ҷоиза ба хабарнигори аз фишору таъқиб ранҷбурда эъто шуд: «Ба Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-Би-Си дар вилояти Суғд, ки барои фаъолияти хабарнигорӣ мавриди таъқиби ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон қарор гирифта ва муддате дар боздоштгоҳ ба сар бурда буд, ба миқдори 6 ҳазор доллари амрикоӣ кумаки молӣ низ тахсис шудааст».Ҷоизаи Ҳелман-Ҳаммет ба ифтихори Лилиан Ҳелман, драмнавис ва Дашиэл Ҳаммет, нависандаи америкоӣ аз ҷониби созмони “Human Rights Watch” таъсис шудааст.  
Маврид ба ёдоварист, Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13 июни соли гузашта (2011) дар шимоли Тоҷикистон ба иттиҳоми доштани иртибот бо Ҳизби Таҳрир, ки фаъолияташ дар кишварҳои Осиёи Миёна мамнӯъ аст, боздошт шуда буд ва бо гузашти чанд моҳ аз маҳкама озод гардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!