Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:17

Кашфу мусодираи беш аз 175 кило маводи нашъадор дар шимоли кишвар

11 сентябр 2012, 10:14

Дар ин бора ба Озодагон аз шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РКД дар  вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони милисаи шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ 175 кг-у 739 грамм маводи нашъовар боздошт ва мусодира карда шуд: «Ин миқдор нисбати  нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 122 кг кам медошад.Дар 8 моҳи соли гузашта аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 297 кг маводи мухаддир мусодира карда шуда буд». Аз ин миқдор, зиёда аз 24 кг маводи сахттаъсири ҳероин, 141 кг гурӯҳи бангдона, 9 кг афюнро  ташкил медиҳад.

Гуфтанист, аз рӯи ин ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида, 145 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201 (муомилоти ғайриконунии  воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи, ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад .


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!