Бахшҳо

Дар сӯхтори Егоревскии Русия тоҷикон осеб надидаанд

Сӯхторе, ки дар кӯчаи Париж 16, собиқ комбинати Егоревскии Русия ба амал омад, касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд.

Тавре Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, оташсӯзие, ки дирӯз,11-уми сентябри ҳамин сол дар Егоревск ба миён омад, хушбахтона касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон  ҳузур надошта, 14- нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Ветнам, ки дар як корхонаи дӯзандагӣ кор мекарданд,  ба ҳалокат расидаанд. Манбаъ мегӯяд, дар соатҳои аввали ин сӯхтор масъулони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба матбуот хабар доданд, ки ҳамаи афроди ҷонбохта, муҳоҷирони тоҷик будаанд, ки ин нодуруст аст: «Вақте забонаҳои оташ фурӯ нишонда шуд ва таҳқиқоти пешакӣ анҷом гирифт, маълум карда шуд, ки ин афроди қурбоншуда он гуна, ки дар оғоз эълон шуд, на шаҳрвандони Тоҷикистон, балки шаҳрвандони Вйетнам будаанд». Гуфта мешвад дар дохили  биное, ки сӯхтор ба вукӯъ омад,  60 нафари дигар аз муҳоҷирони кории Вйетнамро пайдо карданд, ки дар он ҷо ҳам кор ва ҳам зиндагӣ мекардаанд. Аксари онҳо аз дуди сӯхтор зарар дидаанд. Ҳоло, ки дар ин бино ё корхона сӯхтор рух додааст, кормандони пулис гуфтаанд, ин сех ё коргоҳи пойафзолдӯзӣ дар ин бино ғайриқонунӣ сохта шудааст ва муҳоҷирони кории Вйетнам низ ғайриқонунӣ дар он ҷо кор мекардаанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)