Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:46

Шаҳрванди Афғонистон дар Душанбе бо маводи мухаддир дастгир гардид

12 сентябр 2012, 09:34

Дар ин бора ба Озодагон аз ВКД-и Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи хабари манбаъ, дар ҳоли ҳозир Валади Гулмуроди 30-сола, сокини вулусволии Тахори  Афғонистон  ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ дастгир карда шудааст. Гуфтанист, амалиёти мазкури кормандони мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сурат гирифта, аснои кофтукоби шахсӣ аз борхалтаи Валади Гулмурод 69 килою 120 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Манбаъ инчунин афзуд, ки дар пайи амалиёти  мазкур муайян карда шуд, ки  шарики ӯ дар ин кирдор шаҳрванди  Тоҷикистон Умедҷон Қаюмови 35 сола, сокини шаҳри Душанбе мебошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!