Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:25

«Олами фарҳанги ҷопонӣ» дар Душанбе муаррифӣ мешавад

12 сентябр 2012, 10:48

22-уми сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангии «Олами фарҳанги Ҷопонӣ» бо гузаронидани намоиши Кимоно, Икибан ва Сумо баргузор мегардад.

Дар ин бора ба «Озодагон» масъули бахши фарҳангии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Комрон Холов иттилоъ дод.Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур ба ифтихори 20-умин солгариди барқарор намудани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҷопон сурат мепазирад.  

Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо вазороти фарҳанг, корҳои хориҷӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад. Он соати 14-00, дар ошёнаи 2-юми толори  намоишгоҳи китобхонаи миллӣ баргузор мешавад. Даромад ба ин маросим ройгон аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!