Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:27

Сониҳаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок боиси марги се нафар шуд

13 сентябр 2012, 06:42

Дар ин бора ба Озодагон аз РБДА-и ВКД иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи гузашта (12-09-2012) ронандаи «Мерседес-Бенс» Наҷмиддин Камолов (корманди корхонаи пахтатозакунии «Олимтекстил»), аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок дар  километри 353-уми роҳ суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, аз ӯҳдаи он набаромада ба канори чапи роҳ чаппа шудааст, ки дар натиҷа чанд нафар аз мусофирони ин автомашина ба ҳалокат расидаанд.

Манбаъ мегӯяд, мусофирони автомашинаи мазкур, ки дар натиҷа ин садама ба ҳалокат расидаанд, Фирдавсбек Ахмедови 28- сола, Шаҳноза Ниёзоваи 25-сола ва Одиназода Сурайёи 19-сола мебошанд: «Ин мусфирон, баъди ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштан, ҳангоми ба беморхона интиқол ёфтанашон дар роҳ ба ҳалокат расиданд».
Худи ронанда Наҷмиддин Камолов ва мусофири дигари ӯ Оятулло Мирзоеви 25- сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта  бистарӣ гардидаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!