Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:27

Пирӯзии «Истиқлол» ва «Регар-ТадАз» дар мусобиқаи футбол

13 сентябр 2012, 06:47

Бозиҳои аввали даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 оид ба футбол баргузор гардиданд.

Дастаи «Истиқлол» бо тими «Энергетик» дар варзишгоҳи марказии пойтахт қувваозмоӣ намуда, бозиро бо ҳисоби 3:1 ба нафъи худ анҷом доданд. Дар бозиии дигар тими «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 3:0 бар дастаи «Гвардия» дастболо шуд.

Агар дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» дар бозиҳои ҷавоби рақибони худро шикаст бидиҳанд, дар бозии ниҳоии Ҷоми Точикистон - 2012, ки рузи 5-уми октабри соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, рақобат хоҳанд кард.

Тибқи иттилои Федератсия футболи Тоҷикистон, бозии ҷавобии «Регар-ТадАЗ»-«Гвардия» рӯзи 15-уми сентябр ва бозии ҷавобии «Истиқлол»-«Энергетик» рӯзи 17-уми сентябр баргузор хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!