Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:53

Квота барои муҳоҷирон бознигарӣ мешавад

11 июн 2011, 09:14

Мири шаҳри Маскав Сергей Собянин ҷонибдори афзойиш додани квотаи муҳоҷирин шудааст.Райиси пойтахти Русия зимни як боздидаш аз минтақаҳои ин шаҳр гуфтааст, афзойиш додани теъдоди муҳоҷирини корӣ барои ғанӣ гардонидани буҷаи шаҳр ва ба будубошии қонунии муҳоҷирин замина хоҳад гузошт.

Масоили муҳоҷират аз кишварҳои пасошӯравиро наметавон бо квотабандӣ ҳал кард. Ҳатман зарур аст, ки теъдоди квота ва ё худ ҷойбандкунӣ барои муҳоҷиринро бештар кард, то онҳоро ба таври расмӣ ба қайд гирифтан имкон дошта бошад.

Собянин, ки дар мавриди шурӯъи фаъолияти шаҳрдориаш бар хилофи афзудани теъдоди мухоҷирини корӣ баромад карда буд, акнун гуфт, ки феълан аз 500 ҳазор квотаи пешин  ҷудошуда, дар охир он ба 200 ҳазор омада расидааст ва аз ин сабаб ба буҷаи шаҳр маблағи калоне ворид намешудааст. Зеро муҳоҷирин бар асари мавҷуд набудани квота наметавонанд худро ба қайд бигиранд ва андозҳои лозимиро пардохт намоянд.

Аммо мири Маскав бар зидди сохтани хобгоҳҳо барои мухоҷирин сухан карда онро бемаънӣ хонда гуфт, агарчанде квота барои мухоҷирин кам шуда бошад ҳам теъдоди онҳо кам нашудааст.

Ҳамчунин, Сергей Собянин гуфт, феълан дар баъзе манотиқи Маскав ҳастанд мавзеъҳое, ки беш аз 25 дарсадашон мардуми ғайрирус мебошанд ва феълан барои фарзандони ин мардум дар макотиб дарсҳои иловагии забони русӣ роҳандозӣ шудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!