Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:33

Путин: НАТО дар мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон ноком аст

13 сентябр 2012, 10:53

Президенти Русия афзоиши тавлид ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистонро таҳдиди муштараке барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон унвон кард.

Ба гуфти ӯ, аз байн бурдани тавлиди маводи мухаддир, ниёзманди як муборизаи ҷиддӣ аст. Оқои Путин гуфтааст, неруҳои НАТО дар мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон муваффақияти чандоне надошта ва ноком будаанд6 «Тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон нисбат ба соли гузашта 60 фоиз афзоиш ёфта аст, солона беш аз 20фоиз аз маводи мухаддири тавлид шуда дар Афғонистон  ба Русия қочоқ мешавад».

Ба гуфтай вай соли гузашта 70тон ҳеруин ва 56тон тарёки тавлиди Афғонистон ба Русия ворид шуда аст. Владимир Путин таъкид кард, ки Афғонистон ниёзманди сиёсати шаффофи иқтисодӣ аст, ки кишварҳои узви НАТО  ҳеч таваҷҷуҳе дар ин замина надоштаанд. Гуфтанист,  вазъияти иқтисодии мардуми Афғонистон бисёр бад аст ва дар сурати идомаи ин вазъ, бештари мардуми ин кишвар ба гурӯҳи толибон хоҳанд пайваст.

Путин хотирнишон кард, ки даромади ҳосил аз тавлид ва қочоқи маводи мухаддир, барои таъмини ниёзҳои гуруҳҳои террористӣ ва ҷиноёти созмон ёфта ба масраф мерасад.

Муҳаммад Карим Халилӣ, муовини дуюми раёсати ҷумҳурии Афғонистон чанде қабл дар маросими рӯзи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир гуфт, ки бояд бо қочоқчиёни маводи мухаддир бархӯрди ҷиддӣ сурат гирад.

Бо вуҷуди сарозер шудани миллионҳо доллар дар бахшҳои мубориза бо маводи мухаддир, ҳанӯз ҳам бештарин мизони маводи мухаддири ҷаҳон дар Афғонистон тавлид мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!