Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:54

Душанбеву Маскав гуфтушунидро дар бораи буду боши пойгоҳи низомии Русия идома медиҳанд

13 сентябр 2012, 12:07

Тамриноти таълимии низомии пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон алайҳи таҳоҷуми гурӯҳҳои эҳтимолии террористӣ ба анҷом расид.

Аз дафтари матбуотии ин пойгоҳ (дивизияи 201-уми ФР мустақар дар Душанбе) ба Озодагон иттилоъ доданд, ки имрӯз, 13 сентябр дар маросими хатми машқҳои мазкур генерал, Сергей Чувакин, раиси ситоди ҳавзаи марказии низомии Русия ширкат дошт. Бино ба қавли Дмитрий Матушкин, сухангӯйи пойгоҳи Русия вазифаи аслие, ки дар назди афсарон ва сарбозони гурӯҳи зудамал гузошта шуда буд, ҷилавгирӣ аз ҳуҷум ва гузоштани маводди мунфаҷира ба пояи таъсисоти низомии пойгоҳ буд: «Дар ин замина афсарон ва сарбозон маҳорат ва омодагии хуби низомиро нишон доданд».

Дар ҳоле ки машқҳои низомиёни рус дар Тоҷикистон ба охир расид, Анатолий Антонов, муовини вазири дифоъи он кишвар пас аз мулоқоти ду рӯза бо мақомоти масъули ҳукумати Тоҷикистон ба Маскав баргашт. Гуфтанист, мавсуф барои гуфтушунид дар мавриди тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия ба Тоҷикистон омада буд. Антонов аснои як нишасти хабарии кӯтоҳ бо хабарнигорони ИТАР-ТАСС ва РИА-Новости гуфтааст, ки баъд аз чанд ҳафтае гуфтушуниди миёни кишварҳо дар мавриди тамдиди замони ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон ба давраи ниҳоӣ хоҳад расид. Ба қавли ӯ, бо ҷониби Тоҷикистон ба ҷуз аз ду мавзӯъ дар заминаи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвар масоили дигар ҳали худро ёфтааст.

Ҳарчанд Антонов аз гуфтани ин ду мавзӯъ худдорӣ кардааст, аммо коршиносон мегӯянд, яке аз онҳо масъалаи пардохти маблағ барои буду бош ва дуввумӣ замони мустақар шудани пойгоҳ аст.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!