Бахшҳо

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар ҳоли рушд қарор доранд

Баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Корея ва баръакси он ба мақсад мувофиқ аст. Дар ин бора райиси Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқоташ дар Сеул бо Ким Сунг Хван, вазири корҳои хориҷии Корея иброз дошт.

Бино ба қавли Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар мулоқоти мазкур ба сатмуносиботи дуҷониба дахл карда гуфтанд, ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Корея дар ҳоли рушд қарор дошта, ба марҳилаи сифатан нав ворид шудааст. Зуҳуров афзуд, «мо бояд танҳо ба рушди  ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ маҳдуд нагардем, балки риштаи равобитро  ҳамзамон ба самти ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ моил созем. Зеро,  робитаҳои фарҳангӣ метавонад Тоҷикистону Кореяро ҳар чӣ бештар ба мардумони кишварҳои ҳамдигар муаррифӣ намояд. Ташкил намудани рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Корея ва рӯзҳои фарҳанги Корея дар Тоҷикистон барои ошноии бештари халқу миллатҳои ду кишвар аз фарҳангу тамаддуни ҳамдигар мусоидат мекунад».

Ҳамзамон, вазири умури хориҷаи Корея аввалин сафари Шукурҷон Зуҳуровро ба ин кишвар фоли нек дар тавсеаи робитаҳои Душанбею Сеул арзёбӣ кард.Гуфта мешавад,  авзои минтақа ва ҷаҳон, тавсеаи равобит байни ниҳодҳои гуногуни давлатӣ, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, терроризм, ифротгароӣ аз мавзӯҳои меҳварии баррасишавандаи нишасти мазкур будаанд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)