Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:28

Тоҷикистону СММ аз паҳншавии маводи мухаддир ҷилавгирӣ менамоянд

14 сентябр 2012, 04:05

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насрединов бо Мудири кулли Шӯъбаи СММ дар Вена, Мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят Юрий Федотов ба мақсади супоридани эътимоднома баргузор гардид.

Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии ВКХ-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, аснои сӯҳбат ҷаноби  Федотов фиристодаи доимии Тоҷикистонро ба муносибати супоридани эътимоднома табрик гуфта, дар фаъолияти ӯ муваффақият орзу намуд. Сипас, доир ба масъалаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят мубодилаи афкор намуданд.Ба гуфти Мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят, Тоҷикистон шарики стратегии созмонҳои байналмилалӣ буда, ҳамкориҳо дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва истеъмоли он бояд давом дода шаванд.

Зимнан, Насрединов қайд кард, ки ҳукумати Тоҷикистон чораҳои заруриро барои пешгирии интиқоли маводи мухаддир аз қаламрави ҷумҳурӣ дида истодааст. Ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои шарик дар соҳаи мустаҳкам намудани сарҳад ва пешгирии қочоқи маводи нашъаовар васеъ мегарданд. Дар робита ба ин, изҳори умедворӣ карда шуд, ки татбиқи лоиҳа ва барномаҳои Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят дар Тоҷикистон ва минтақа ба натиҷаҳои назаррас оварда мерасонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!