Бахшҳо

Райиси Бонки миллӣ ба бонкдорони кишвар супориши қатъӣ дод

Масъулини бонкҳои тиҷоратии кишвар сабаби дар баъзе ҳолатҳо набудани пули нақд дар банкоматҳоро ба он рабт медиҳанд, ки аввали моҳ чун замони маошгирӣ аст, талабот ба пули нақд дар банкоматҳо якбора зиёд мешавад.

Дар натиҷа баъзе банкоматҳо мувақаттан бепул мемонанд. Дар Тоҷикистон шикоят аз он, ки соҳибони кортҳои пластикӣ зимни гирифтани пули нақд аз банкоматҳо ба мушкилӣ дучор мешаванд зиёд садо медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, чанд нафар аз кормандони корхонаҳои давлатӣ ба Озодагон гуфтанд, ки ҳарчанд корхона маблағи маоши онҳоро сари вақт ба бонкҳо интиқол медиҳанд, аснои гирифтани маблағи нақд аз банкоматҳо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд:«Мо аз як банкомат ба банкомати дигар мегардем. Ҳам дар Агроинвестбонк ҳам Тоҷиксодиротбонк ва дигар бонкҳо ин ҳолат ҷой дорад. Меравем, мегӯянд сабабҳои техникӣ ё пул нест. Одатан, ба ҳамин давутозҳо то 3-4 рӯз мегузарад».

Муҳаммаднабӣ, корманди як ниҳоди давлатӣ мегӯяд аввали моҳи ҷорӣ таи  4-5 рӯз натавонистаст аз банкомат пулашро гирад: «Дар тамоми банкоматҳои маҳаллаи Гипрозем, Саховату 46 гаштам пул надоранд, як хелҳояшон кор намекунанд. Аслан, дар пеши ҳайкали Исмоили Сомонӣ аз як банкомат пул мегирифтам. Дар ин ҷо бо вуҷуди он, ки бисёри рӯзҳо барои пулгирӣ навбат мешуд, аксаран дар банкомат пули нақд буд. Ин банкоматро ҳам шикастаанд. Пеши бинои Вазорати фарҳанг рафтам, ки банкомат кортамро фурӯ бурду дигар набаровард».

Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд аз он, ки бонкҳо банкоматҳояшонро саривақт бо пули нақд пур намекунанд, огоҳ аст ва таъкид намуд, ки минбаъд назоратро дар ин самт шадидтар мекунад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати густариши истифодаи низоми пластикӣ дар кишвар ба ҳамаи бонкҳои кишвар дастур додаст, ки реҷаи кории худро тавре ба роҳ монанд, ки шаҳрвандон новобаста аз он, ки рӯзи истироҳат аст ё корӣ, шаб аст ё рӯз тавонанд аз банкоматҳо пул бигиранд. Ба гуфтаи Ширинов, ҳоҷат ба пули дар корти пластикӣ буда, метавонад ҳар замон ба вуҷуд ояд ва бонкҳои кишвар бояд омода бошанд дар ҳар ҷо ва ҳар вақт онро ба шаҳрвандон диҳанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)