Имрӯз (14-сентябри соли 2012) дар вилояти Маскваи Федератсияи Русия машқҳои байналмилалии оперативӣ-тактикии қисмҳои таъиноти махсуси мақомоти зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) бо номи рамзии «ГРОМ-2012» оғоз гардиданд.
Тавре ба Озодагон аз агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд, дар ин машқҳо кормандони АНМН иштирок менамоянд. Зимни тамриноти мазкур қисмҳои таъиноти махсус ва гурӯҳҳои оперативии мақомоти марбута амалиётҳои муштаракро оид ба пешгирии роҳҳои интиқоли қочоқи маводи нашъадор, воситаҳои психотропӣ ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар ҳудуди яке аз кишварҳои аъзои СААД мегузаронанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамзамон иштирокчиён малакаи амалии худро дар вақти кофтуков, дастгир кардан ва безарар гардонидани гурӯҳҳои ҷиноятпеша такмил медиҳанд.
Мӯҳр