Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

Тафтиши андозсупорандагон аз ҷониби мақомот 4 маротиба камтар мешавад

15 сентябр 2012, 07:24

Лутфулло Саидмуродов, доктори илмҳои иқтисодӣ таҳлил кардаст, ки дар сурати татбиқи дурусту босамари муқаррароти Кодекси нави андоз тафтиши корхонаю ташкилотҳо аз ҷониби мақомоти андоз метавонад коҳиш ёбад.

Ба гуфтаи Саидмуродов, тибқи муқарароти Кодекси андози нав  тафтишоти андозсупорандагон ҳам дар кишвар минбаъд аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ сурат хоҳанд гирифт: «Дар Кодекси андози нави Тоҷикистон аввалин бор дар таърихи сиёсати маъмурикунонии андоз, дар ҷумҳурии мо меъёри байналхалқӣ татбиқ гардидаст. Яъне, тартиби нақшаи тафтишот аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси баҳодиҳии хавфи вайронкунии андоз бояд сурат гирад».
Саидмуродов бо такя ба таҳлил изҳор медорад, ки дар дар сурати татбиқи босамари низоми нави тафтишот ҳам пули давлат ва ҳам пули худи соҳибкор сарфа хоҳад шуд:
«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сурати босамар ва дуруст истифода намудани ин муқаррароти Кодекси андоз,  миқдори санҷишҳо чор маротиба, давомнокии санҷишҳо 2 маротиба ва хароҷоти давлатӣ барои гузарондани санҷишҳо ду маротиба кам хоҳанд шуд. Аз он ҷумла, хароҷоти соҳибкорон низ, ки ба санҷишҳо дахл доранд 38 фоиз кам мегарданд».
Аммо бисёре аз таҳлилгарон дар босамар амалӣ шудани ин муқаррарот шубҳа доранд, чун тафтишот манбаи асосии даромади масъулини андоз дар кишвар арзёбӣ мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!