Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:33

Мақоми Носирҷон Маъсумӣ дар илму адаби тоҷик

15 сентябр 2012, 05:31

Дар китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии адабӣ таҳти унвони «Мақоми устод Носирҷон Маъсумӣ дар илму адаби тоҷик» баргузор гардид.

Зимнан, дар ин ҳамойиш муаррифии бознашри китоби олим ва адабиётшиноси тоҷик бо номи «Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик» доир шуд.

Аз китобхонаи миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ин нишаст профессор Баҳриддин Камолдиддинов зимни баромадаш Носирҷон Маъсумиро яке аз шахсиятҳои калидии давр унвон намуда афзуд, Маъсумӣ бо офаридани асарҳояш тавонист ба баҳси забони тоҷикӣ нукта гузорад: «Носирҷон Маъсумӣ яке аз шахсиятҳое мебошад, ки хизмати ӯ дар илми забоншиносии тоҷик  хеле бузург аст».

Ҳамзамон, дар ҳамоиши мазкур зикр гардид, ки Носирҷон Маъсумӣ дар баробари забоншинос будан, шоир, нависанда, луғатнигор ва олими бузург ҳам буд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!